- боз
- I[باز]1. асоси замони ҳозира аз бохтан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои машғулшаванда: бедонабоз, қиморбоз, ҳуққабоз; созу боз зебу зинат, ороиш3. ҷузъи пешини калимаҳои мураккаб ва феълҳо ба маънои дубора, аз нав рӯй додан, такрор ёфтани амал: бозгаштан, бозомадан, бозомӯзӣII[باز]1. бори дигар, аз нав;, муҷаддадан, такроран, дубора: боз такрор кардан, боз пурсидан, боз муроҷиат кардан, боз фикр карда дидан; боз ҳам а) ин дафъа ҳам; б) аз пештара зиёдтар, бештар аз собиқ2. илова бар ин, ба болои ин, ба замми ин, низ, ҳам, ғайр аз ин: сабр кардан, боз 5-сентнерӣ ҳосил додан, боз ба куҷо равам3. пасванд давомнокии амалро ифода мекунад; дар муддати…, ин ҷониб: ду рӯз боз, се ҳафта боз, чанд вақт боз, чандин сол боз, солҳо боз, кайҳо боз; аз бозе ки… аз вақте ки…, аз он даме ки…; аз қадим боз аз замонҳои қадим сар карда то имрӯз…; дер боз хеле вақт мешавад, ки…4. ҳиссачаи таъкидӣ мабодоIII[باز]кушода, яла, во; муқоб. баста; боз кардан кушодан, во кардан (дару тиреза, занҷиру қулф ва ғ.); боз шудан кушода шудан◊ дари касе ба рӯи касе боз будан ба пазироӣ ва қабули касе тайёр будани касе; ба хизмати касе ҳозир будани касе; даҳон боз кардан // лаб боз кардан ба сухан даромадан, гап задан; даҳонаш боз монд ҳайрон шуд, мутаҳаййир шудIV[باز]парандаи қавичанголи нӯлдароз, ки парандагон ва ҳайвоноти майдаро шикор мекунад, қуш: бози дастомӯз, бози шикорӣV[باز]кит., ниг. қулоч
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.